Котиби давлатии ИМА: Навалний бояд фавран озод шавад


Майкл Помпео, котиби давлатии ИМА аз ҳукумати Русия дархост кард, ки Алексей Навалнийро зуд озод кунанд.
Бино ба хабари маркази матбуотии Идораи корҳои хориҷии ИМА, Майкл Помпео дар баёнияи худ чунин гуфт, “ИМА қарори Русияро дар бораи ҳабси Алексей Навалний маҳкум қотеъона маҳкум мекунад. Мо Русияро ба фароҳам овардани шароити баробар ба ҳамаи ҳизбҳо ва номзадҳое, ки мехоҳанд дар интихобот иштирок кунанд, даъват менамоем. Мо талаб мекунем, ки ӯ бе ягон шарт фавран озод шавад”.
Ёдовар мешавем, Алексей Навалний мухолифи сиёсии ҳукумати феълии Русия рӯзи 17 январ аз Олмон ба ватани худ баргашт. Кормандони пулис ӯро дар фурӯдгоҳ боздошт карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ