Як сокини Калифорния аз тарси сирояти коронавирус 3 моҳ дар фурӯдгоҳи Чикаго пинҳон шуд


Адитя Сингх, сокини Калифорния аз тарси мубталои коронавирус шудан се моҳ дар фурӯдгоҳи шаҳри Чикаго пинҳон шуд. Ӯ дар ин муддат дар ҳудуди амниятии фурӯдгоҳ мезист ва худро мисли кормандони фурӯдгоҳ вонамуд мекард. Дар ин бора NBC Chicago хабар дод.
Адитя Сингх 19 октябри соли 2020 аз Калифорния ба Чикаго омад. Аммо аз тарси он, ки гирифтори коронавирус мешавад, дигар ба Калифорния барнагашт ва дар ҳудуди амниятии фурӯдгоҳ монд. Мусофирон дар тамоми ин се моҳ Адитя Сингхро бо хӯрок таъмин мекарданд. Бо сабабе кормандони амниятӣ рӯзи 16 январ аз ӯ ҳуҷҷатҳои шахсияшро пурсиданд. Ниҳоят, ки будани ӯ ошкор гардид. Дар пайи тафтишот маълум шуд, ки ҳанӯз дар фасли тирамоҳ ҷустуҷӯи Адитя Сингхро ҳамчун шахси гумшуда оғоз кардаанд.
Дар мавриди Сингх ба ҷурми ворид шудан ба ҳудуди мамнӯъ ва дуздӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Бино ба хабари Chicago Tribune, додгоҳ (суд) ба ӯ иҷозат дод, ки бар ивази 1000 доллар озод шавад, вале, ба шарте, ки дигар ба ин фурӯдгоҳ барнамегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ