Дар Қирғизистон мусобиқаи Федератсияи байналмилалии лижаронӣ оғоз гардид

Аз 18 то 22-юми январ дар шаҳри Орловкаи Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи Федератсияи байналмилалии лижаронӣ доир мешавад.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон хабар доданд, дар мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 варзишгарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.
Мусобиқаи Федератсияи байналмилалии лижаронӣ миёни мардону занон аз рӯи равияҳои слалом ва слаломи бузург доир шуда, варзишгарон дар баробари медал соҳиби холҳои олимпӣ низ мегарданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ