Дар Самарқанд барои сохтмони истгоҳҳои сайёҳӣ озмун эълон карданд

Дар Самарқанд барои ташкил кардани истгоҳҳои сайёҳӣ дар шафати расадхонаи Мирзо Улуғбек ва мақбараи Амир Темур озмун эълон карда шуд.

Барои истгоҳҳо майдони замини алоҳида пешбинӣ карда мешавад. Аз ҷумла, дар шафати расадхонаи Мирзо Улуғбек 350, атрофи мақбараи Амир Темур 650 метри мураббаъ истгоҳ барои автомошинҳо ташкил карда мешаванд.

Дар истгоҳҳо бояд хизматҳои зерин расонида шаванд:

  • мавҷудияти имконияти истифодаи воситаҳои робитаи мобилӣ барои шаҳрвандон ва сайёҳон;

хизмати бемузди Wi- Fi;

  • шароит барои ногироҳо ( пантус);
  • мавҷудияти камераҳои мушоҳида дар истгоҳ.

Мезонҳои баҳогузорӣ ба озмун:

  • шумораи самтҳои ташкилшуда;
  • шумора ва сифати нақлиётҳо;

нархи самтҳои ташкилшуда.

Барои ташкил кардани истгоҳҳо ва хизматрасониҳои мазкур бо Департаменти ривоҷдиҳии сайёҳии вилояти Самарқанд ба муддати 10 сол шартнома баста мешавад.

Озмун то 30 — ӯми январ давом мекунад

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ