Шифохонаи табиатПиёз


Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст
Хусусияти шифобахшии пиёз ниҳоят бисёр мебошад. Аз он дар тибби халқӣ ҳамчун малҳами пешобронӣ, дар захмҳои гуногун: чипқон, синга, колит, атеросклероз, гипертония, авитаминоз, манқа, тумов, ҳатто барои хориҷ кардани кирмҳои мудаввар (остритса) истифода мебаранд.
Дамламаи пиёз бо спиртро барои бемориҳои рӯда, атеросклероз, гипертония, омехтаи пиёз бо асал ва себро ҳамчун даво барои дарди гулӯ ва сулфа истифода мебаранд. Пиёз дар организми одам хусусияти кам кардани миқдори қандро низ дорад. Бо сабаби ин ба таомҳои суюқ бисёртар андохтани пиёз тавсия карда мешавад.
Маслиҳатҳои фоидаовар:
як стакон шарбати пиёзро бо ҳамин миқдор асал меомезанд. Аз ҳамин малҳам дар як рӯз се маротиба аз таом як соат пештар ёки баъди таом 2-3 дар давоми 2 моҳ (ба табъ нигоҳ карда) як қошиқи чой ёки қошиқи ош истеъмол кунанд, склерози майнаро даво мекунад. Ду ҳафта танаффус карда, боз 2 моҳ хӯрдан тавсия карда мешавад.
Барои халос шудан аз кирми мудаввар дар як рӯз 15-20 грамм пиёз истеъмол карда мешавад ва табобат ҳафт рӯз давом мекунад.
Ба грипп ва шамолхӯрии роҳи нафас пиёзро майда реза карда, дар сар рӯмол гирифта, онро бӯй кунад, натиҷа медиҳад.
Шарҳ:
Пиёзи хомро беморони гирифтори шадиди меъда, гурда ва ҷигар набояд истеъмол кунанд. Оби пиёзро ба бинӣ чаккондан низ мумкин нест, зеро он ба луобпардаи илтиҳобӣ таъсири бад мерасонад.
Тарҷима ва таҳияи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ