Ваксиназанӣ дар Қазоқистон пеш аз муҳлат оғоз мешавад


Қазоқистон аз 1 феврал ваксиназаниро ба баъзе гурӯҳҳои аҳолӣ оғоз мекунад. Дар ин бора Алексей Сой, вазири тандурустии ин кишвар дар нишасти ҳукумат маълум кард.
Бино ба хабари Sputnik, дар марҳилаи аввали ваксиназанӣ Қазоқистон аз Русия 20 ҳазор доза ваксинаи “Спутник V” харид мекунад.
Ҳукумати Қазоқистон дар нимаи аввали сол мехоҳад 2 миллион нафарро ва то охири сол 6 миллион нафарро бар зидди коронавирус эм кунад.
Ёдовар мешавем, ки Нурлибек Асилбеков, муовини раиси кумитаи назорати тиббӣ ва дорусозии вазорати тандурустии Қазоқистон чанде пеш гуфта буд, ки ваксиназанӣ бо истифода аз “Спутник V” дар кишвар охирҳои моҳи феврал оғоз мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ