Дар хонадонҳои аҳолӣ газоанализаторҳое, ки ғубори газро аниқ карда метавонанд, гузошта мешаванд

Барои афзудани самарадории сохтори таъмини бехатарии сӯхтор дар хонадонҳои аҳолӣ газоанализаторҳое, ки ғубори газро барвақт огоҳӣ медиҳанд, гузошта мешаванд. Дар ин бора дар лоиҳаи дастури давлатӣ оид ба дар «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатӣ» амалишавандаи Стратегияи ҳаракатҳо гуфта шудааст. Барои иҷрои банди мазкур қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон омода мегардад. Дар лоиҳа якчанд ҷиҳатҳои вобаста бо таъмини бехавфии сӯхтор ба назар гирифта мешаванд. Аз ҷумла, хонадонҳои аҳолӣ бо газоанализаторҳое, ки бӯйи метан, пропан ва ғубори газро аниқ ва бо воситаи клапанҳо газро аз сохтор ҷудо карда метавонанд, таъмин мегарданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ