Ҳолати демографии статистикаи қӯмитаи давлатӣ


Аз рӯи ҳолати охирини демографии Ӯзбекистон дар соли 2020 қӯмитаи статистикаи давлатӣ ҳаминро маълум мекунад, ки аҳолии Ӯзбекистон бино бар санаи 1 –уми январи соли 2021, 34 миллиону 558,9 ҳазор нафарро ташкил мекунад. Аз ҷумла, аҳолии шаҳр 17,487,5 ҳазор нафар (ҷамъи ҳиссаи аҳолӣ 50,6 фоиз), шумораи аҳолии қишлоқ 17 миллиону 71,4 ҳазор нафар (49,4) фоизро ташкил мекунад.
Аз рӯи маълумотҳо дар соли 2020, 841,8 ҳазор нафар кӯдак ба дунё омада, коифисенти таваллудёбӣ 24, 6 проллименро ташкил кард, ки нисбати соли 2019, 0,3 промиллен зиёд аст. Аз рӯи тақсимоти ҳудудҳои мамлакат нишондиҳандаҳо ҳаминро нишон медиҳад, теъдоди таваллуд дар ҳудудҳо, бино ба ҳолати 1 –уми январи соли 2021 ҳиссаи аз ҳама шумораи бисёр дар мамлакат вилояти Самарқанд 11,4 фоиз буда, дар ҷойи дуввум вилояти Фарғона 11,1 фоиз, вилояти Қашқадарё 9,7 ва Андиҷон 9,2 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соли ҷорӣ 31,0 фоизи аҳолии ба меҳнат лаёқатноки синнаш хурд, 58,2 фоиз ҷавонони ба меҳнат лаёқатнок, 10,8 фоиз ҳиссаи синни калони лаёқатнок рост меояд. Дар соли 2020, 175,6 ҳазорто ҳолати марг қайд карда шудааст. Аз он 1000 нафари аҳолӣ коофисенти марг 5,1 промилленро ташкил мекунад. Ин нисбати соли 2019, 0,5 промиллегаро нишон медиҳад(дар соли 2019, 4,6промиллен будааст).
Бояд таъкид намуд, ки дар соли 2020, 60 фоизи марг аз бемории гардиши хун, 8 фоизи он аз сабзиши беиориҳои аъзои бадан, 7,2 фоиз аз бемориҳои аъзои нафас, 4,4 фоиз аз бемориҳои сироятӣ ва паразитҳо, 11, 6 фоиз аз бемориҳои дигар фавтидаанд.
Н. Бобоахмедов

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ