Ду варзишгари самарқандӣ дар турнири байналхалқи ғолиб гардиданд

Бародарон Ислом ва Илҳом Баҳромовҳои оқдарёӣ дар аввалин мусобиқаи байналхалқии расмии мавсим доир ба гӯштии юнону румӣ — Gran Prix Zagreb Open 2021, ки дар шаҳри Загреби Хорватия гузаронида шуд, дар қатори ғолибон ҷой гирифтанд.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз, ки аз 30 давлати ҷаҳон гӯштингирон иштирок карданд, ҳамватанамон, сокини ноҳияи Оқдарё Илҳом Баҳромов дар тоифаи вазни 55 килограмм рақиби худ Ҷованни Френии италиягиро мағлуб намуда, соҳиби медали нуқра гардид.
Инчунин, аз рӯйи тоифаи вазни 60 килограм узви ҷамоаи умумӣ, чемпиони Осиё Исломҷон Баҳромов бо гӯштингири туркиягӣ Ахмет Уяр қувва озмуда, бар ҳисоби 9:0 мағлуб кард ва медали тиллоро ба даст овард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ