Соли 2020 ширкатҳои ҳавопаймоӣ чӣ қадар зарар диданд?

Соли 2020 дар пасманзари пандемияи коронавирус ҳамлу нақли мусофирон тавассути нақлиёти ҳавоӣ то 60% коҳиш ёфт. Дар ин бора коршиносони Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) изҳор доштанд, хабар медиҳад Хадамоти ахбори СММ.
Соли 2020 1,8 миллиард одамон парвоз кардаанд, ҳол он ки соли 2019 теъдоди онҳо 4,5 миллиардро ташкил дода буд. Тибқи маълумоти коршиносони ИКАО, шумораи мусофирони ҳавоӣ дар дохили кишварҳо соли 2020 50% кам шудааст ва ин дар ҳолест, ки ҳамлу нақли мусофирони байналмилалӣ — 74% коҳиш ёфтааст.
Коршиносон зикр мекунанд, ки коҳиши талабот ба парвози ҳавоӣ ҳанӯз моҳи январи соли 2020 оғоз шуда буд, аммо ин танҳо дар чанд кишвар мушоҳида мешуд. Тадриҷан рӯйхати давлатҳое, ки барои вуруд маҳдудият ҷорӣ мекарданд васеъ шуд ва моҳи март ҳаракати мусофирони ҳавоӣ тақрибан қатъ гардид. То моҳи апрел шумораи умумии мусофирони ҳавоӣ дар муқоиса бо сатҳи 2019 то 92% коҳиш ёфт.
ИКАО инчунин дар бораи талафоти ҳангуфти молиявии ширкатҳои ҳавопаймоӣ гузориш додааст: соли 2020 ширкатҳои ҳавопаймоӣ 370 миллиард доллар фоидаро аз даст доданд. Фурудгоҳҳои байналмилалӣ тақрибан ба маблағи 115 миллиард доллар ва хадамоти аэронавигатсия — 13 миллиард доллар зарар диданд.
Мутобиқи тахмини коршиносон, агарчи рӯйдодҳо муваффақона рушд кунанд ҳам, то моҳи июни соли 2021 интиқоли мусофирон ҳанӯз ҳам аз сатҳи соли 2019 қариб 30% ва дар ҳолати рушди ғайри муваффақонаи вазъият — 51% камтар хоҳад буд.
Қаблан Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш аз кишварҳо даъват карда буд, ки барои дастгирии ҳавопаймоии шаҳрвандӣ дар шароити пандемия тадбирҳои фаврӣ андешанд ва дар айни ҳол масъалаҳои тағйирёбии иқлимро низ фаромӯш накунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ