Дар Белорус ваксиназанӣ ба кормандони тиббиро оғоз карданд


Дар Белорус ваксиназанӣ ба ба кормандони тиббӣ оғоз шуд. Дар ин бора оҷонсии ТАСС ба нақл аз вазорати тандурустии Белорус хабар дод.
Дар Белорус барои ваксиназанӣ доруи “Cпутник V”-ро истифода мебаранд.
Пеш аз ҳама шифокороне, ки бо мубталоёни коронавирус бештар сарикор доранд, эм мешаванд. Чунин шифокорон дар Белорус тақрибан 20 ҳазор нафаранд.
Вазорати тандурустии кишвар бар асоси муроҷиати муассисаҳои тиббии минтақаҳо ваксинаҳоро тақсим кардааст.
Дар Белорус озмоиши ваксинаи “Спутник V” бо иштироки довталабон рӯзи 1 октябри соли гузашта оғоз шуда буд. Бо ин ҳол Белорус якум кишвари ҷаҳон шуд, ки ваксинаи Русияро ба сурати расмӣ эътироф кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ