Даъвати сафорати ИМА: фавран Афғонистонро тарк кунед

Сафорати ИМА дар Кобул аз эҳтимоли афзоиши ҳамлаҳои террористӣ ҳушдор дод ва аз шаҳрвандони Амрико дар Афғонистон даъват кард, ки фавран кишварро тарк кунанд. Тавре ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи душанбе, 18 январ, агентии афғонии «Хома Пресс» иттилоъ додааст.
«Сафорат шаҳрвандони Амрикоро дар мавриди хатари сафар ба Афғонистон бинобар сабаби сатҳи баланди ҷинояткорӣ ва терроризм огоҳ мекунад ва онҳоеро, ки аллакай дар ин кишвар ҳастанд, даъват мекунад, ки онро тарк кунанд», — чунин иқтибос овардааст агентӣ аз баёнияи матбуотии намояндагии дипломатӣ.
Мутобиқи маълумоти он дар чанд ҳафтаи охир ҳамлаҳои террористӣ, одамрабоӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнини ҷиноӣ дар саросари Афғонистон бештар рух медиҳанд. «Меҳмонхонаҳо, маҷмааҳои истиқоматӣ, ташкилоти байналмилалӣ, сафоратхонаҳо ва дигар ҷойҳое, ки хориҷиён, аз ҷумла амрикоиҳо, бештар аз онҳо дидан мекунанд, зери таҳдиди хос қарор доранд», — муроҷиат намудааст сафорат ба ҳамватанони худ. — Агар шумо тасмим гирифта бошед, ки дар Афғонистон бимонед, тамоми сайру гаштҳои худро бодиққат мулоҳиза кунед ва танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ онҳоро амалӣ кунед».
Рӯзи ҷумъаи гузашта, 15 январ, Вазорати дифои ИМА коҳиши қисмҳои амрикоиро дар Афғонистон то 2500 нафар эълом дошт ва то моҳи майи соли равон Вашингтон ихроҷи сарбозони боқимондаро ба нақша гирифтааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ