Самарқанд мизбони марафони «Save Aral»

Дар шаҳри Самарқанд бо мақсади ривоҷи варзиши сайёҳӣ дар доираи ҳаракати варзишӣ ва иҷтимоии «Нафаси нав» марафони давидани «Save Aral» гузаронида шуд.
Дар оғози марафон ҷонишини ҳокими вилоят Б. Нуруллаев ва ҳокими шаҳри Самарқанд Б. Облақулов иштирок карданд ва дар бораи аҳамияти марафон ҳарф зада, ба варзишгарон комёбӣ таманно намуданд.
Дар мусобиқа писару духтарони солҳои таваллудашон 2003–2004 ва донишҷӯён, тарбиягиранда ва мураббиёни мактабҳои варзишӣ, ходимони синнашон аз 18 болои корхона ва ташкилотҳо иштирок карданд.
Қариб якуним ҳазор нафар иштироккунанда аз назди мақбараи Амир Темур давиданро сар карда, 3 километр масофаро тай намуданд.
– Мусобиқаи мазкур дар 19 шаҳри ҷумҳуриятамон гузаронида мешавад, – гуфт сарвари шӯъбаи Федератсияи атлетикаи сабуки Ӯзбекис­тон, сарҳаками мусобиқа Ҳасанбой Ортиқов. – Марафоне, ки моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Андиҷон оғоз гардид, аз як қатор шаҳрҳо гузашта, ба Самарқанди азим расид. Аз сабаби ихтиёрӣ будани иштирок дар мусобиқа баробари самарқандиён ғолибони зинаи пешина ҳам иштирок карданд. Зинаи финалии марафон моҳи апрели соли ҷорӣ дар Мӯйноқ ба поён мерасад. Мақсади мо аз даъвати аҳли мамлакат барои саҳмгузорӣ дар муҳофизати баҳри Арал мебошад.
Дар баҳси иштирокдорони синнашон 16–17-сола Ҷавоҳир Мамадқулов ва Мадинабону Тӯланова ҷойи якумро гирифтанд. Дар қувваозмоии иштирокдорони синнашон аз 18-сола боло хизматчии ҳарбии Округи марказии ҳарбӣ Илҳом Назаров ҷойи якумро ба даст овард.
Дар баҳси бонувон бошад, Муҳайёбону Азаматова ғолиб гардид.
Инчунин, аз рӯйи номинатсияҳои «Иштироккунандаи ҷавонтарин», «Иштирокчии солхӯрдатарин» ғолибон муайян гардиданд.
Бояд гуфт, ки зинаи сеюми марафон моҳи январ дар шаҳрҳои Шаҳрисабз, Қаршӣ, Тирмиз анҷом меёбад. Зинаҳои навбатӣ моҳи феврал дар шаҳрҳои Навоӣ, Бухоро ва Урганҷ доир мегардад. Моҳи апрел дар шаҳрҳои Хива ва Нуқус гузаронида мешавад.

Ҳусайн ЭЛТОЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ