Ба мутахассисоне, ки дар маҳалҳои дурдаст кор мекунанд имтиёзҳо дода мешавад

Бо мақсади татбиқи вазифаҳое, ки дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 29-уми декабри соли 2020 муайян шудаанд, ҳавасмандгардонии минбаъдаи меҳнати мутахассисони дорои маълумоти олӣ, ки аз минтақаҳои дигар ба ташкилотҳои буҷавӣ дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар ба кор гузаштаанд, пурра кардани ҷойҳои холии корӣ, инчунин дар маҳалҳо фароҳам овардани шароити муносиби кор ва ҳифзи иҷтимоии кадрҳои баландихтисос, қарори Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳои ҷалби мутахассисон ба ташкилотҳои буҷетии маҳалҳои дурдаст» имзо гардид. Мувофиқи қарор:
🔰 Аз 1-уми январи соли 2021 ба маҳалҳои дурдаст имтиёзҳои зерин дода мешавад:
➖ ба мутахассисони дорои маълумоти олӣ, ки ба ташкилотҳои буҷавӣ ба кор қабул гардидаанд, кӯмаки якдафъаинаи ибтидоии молиявӣ ба андозаи 50 баробари миқдори базавии ҳисобкунӣ (ҳоло 11 млн 150 ҳазор сӯм) бо пардохти ҷубронпулии моҳона дар ҳаҷми 2 баробари маблағи базавии ҳисобшуда (446 ҳазор сўм) барои иҷораи манзил ҷудо карда мешавад;
➖ ба кормандони соҳаи тиб, ки ба пунктҳои шифокори оилавӣ ва поликлиникаҳои оилавӣ ба кор қабул гардидаанд, бо шарти корбарӣ на кам аз 3 сол кӯмаки яквақтаи ибтидоии пулӣ ба маблағи 30 миллион сӯм, ба шифокороне, ки манзили истиқоматӣ надоранд, дар давоми се сол хонаву ҷойи хидматӣ тақдим мегардад ё ҷубронпулии моҳона дар ҳаҷми ду баробари миқдори базавии ҳисобшуда (446 ҳазор сўм) ҷудо карда мешавад.
❌ Кӯмаки ибтидоии молиявӣ ва ҷубронпулии моҳона ба даромади умумии андозсупорандагон дохил карда намешаванд ва аз даромади шахсони воқеӣ андоз намеситонанд.
✅ Имтиёзҳои мазкур барои гирифтани кӯмаки аввалияи пулӣ ва ҷубронпулии моҳона, инчунин беҳтар намудани шароити манзил ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки ба ташкилотҳои буҷетӣ ба кор қабул шудаанд, аз ҷумла муассисаҳои тиббии дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар ҷойгиршуда, дар давоми се соли пас аз хатми бакалавриат ё магистратура (новобаста аз шакли таҳсил – рӯзона, ғоибона, шабона, инчунин ихтисоси дуюм) татбиқ карда мешаванд.
✅ Ҷубронпулии моҳона барои хонаву ҷой ба мутахассисон, аз моҳи ба кор қабул шудан дар давоми 36 моҳ пардохта мешавад.
❕ Ҳангоми аз як ташкилоти буҷетӣ ё муассисаи тиббӣ ба ташкилоти дигари буҷетӣ ё муассисаи тиббии воқеъ дар минтақаҳои дурдаст ва душворгузар гузаронидани мутахассисони дорои маълумоти олӣ ё кормандони соҳаи тиб, пардохти ҷубронпулии моҳона то ба охир расидани мӯҳлати муқарраршуда идома меёбад.
➡ Дар асоси қарор аз 1-уми марти соли 2021 барои муаллимон ва педагогҳои тоифаҳои олӣ ва якум, ки ба таҳсил дар мактабҳои дорои сатҳи пасти таҳсилоти минтақаҳои дигар ҷалб шудаанд, ба ставкаи асосии тарифӣ иловапулиҳои махсус муқаррар карда мешавад.
🔰 Дар ин ҳолат, иловапулиҳои махсус ба андозаи зерин пардохта мешаванд::
● 50 фоизи ставкаи базавии тарифии муаллимон ва педагогҳо, ки дар дохили як вилоят аз як шаҳр, ё ноҳия ба ҳудуди дигаре ба кор рафтанд;
● 100 фоизи ставкаи базавии тарифии омӯзгорон ва мураббиён, ки аз як вилоят ба дигар вилоят ба кор гузаштаанд.
🔎 Вазорати таълими халқ ва Инспексияи давлатии назорати сифати таълим рӯйхати мактабҳоеро, ки сатҳи таълимашон паст аст тартиб медиҳанд ва дар сайти расмии Вазорати таълими халқ то ба 15-уми феврали соли ҷорӣ, солҳои баъдӣ – ҳамасола то 1-уми сентябр эълон мекунанд.
☑ Иловапулиҳои маҳсус ба омӯзгорон баъди он, ки мактаб аз рӯйхати мактабҳои сатҳи таълимашон паст хориҷ мешавад, як соли дигар низ пардохта мешавад.
🌐 Маълумотҳо дар бораи ҷойҳои холии корӣ дар ташкилотҳои буҷетии воқеъ дар минтақаҳои дурдаст ва душворгузар ҳар моҳ то рӯзи 5-уми моҳи пас аз моҳи ҳисоботӣ, дар веб-­сайтҳои расмии Шӯрои Вазирони Ҷумҳурияти Қорақалпоқистон ва ҳокимиятҳои вилоятҳо эълон карда мешаванд.


Қарори ҳокими вилоят аз 16-уми январи соли 2021 «Дар бораи таъмини иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 11-уми январи соли 2021 «Дар бораи чораҳои ҷалби мутахассисон ба ташкилотҳои буҷетии маҳалҳои дурдаст» таҳти рақами ҚП‑4940» имзо гардид.
Мувофиқи қарор ба ҷонишини якуми ҳокими вилоят (Ҷ. Ӯроқов), сарвари Сарсадорати таъмини шуғли аҳолии вилоят (И. Ҷабборов) ва ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо чунин вазифа супурда шуд:
– бинобар ҷамъбасти ҳар моҳ, то рӯзи 5-уми моҳи пас аз моҳи ҳисоботӣ, дар веб-­сайтҳои расмии худ дар бораи ҷойҳои холии мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва (ё) кормандони тиббӣ ташкилотҳои буҷетӣ ва (ё) муассисаҳои тиббии воқеъ дар минтақаҳои дурдаст ва душворгузар маълумот ҷойгир намоянд;
барои ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба кор дар ташкилотҳои буҷетии минтақаҳои душворгузар – эҳтиёҷманд ва ба кадрҳои олимаълумот бо ташкили вохӯриҳо дар маҳалҳо ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти мутахассисони ҷавон чораандешӣ кунанд.
Ғайр аз ин, аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои сохтмони манзил ба мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва (ё) кормандони соҳаи тиб, ки барои кор аз минтақаҳои дигар дар ташкилотҳои буҷавӣ ва (ё) муассисаҳои тиббии воқеъ дар минтақаҳои дурдаст ва душворгузар омадаанд, бо тартиби муқаррар аз ҳисоби заминҳои захиравӣ қитъаҳои замин ҷудо карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ