«Синдроми компутерӣ»: дар бораи он чиро медонед?

Имрӯз намояндагони касбҳои бисёре маҷбуранд, ки рӯзи кории худ­ро дар пеши компутер гузаронанд. Вақте, ки одам ҳамарӯза соатҳо бо компутер сарикор дорад, табиист, ки хастагӣ ва дарди чашмро эҳсос мекунад.
Нурмат Атамбеков, муовини мудири хадамоти осоиши санитарӣ, эпидемиологӣ ва саломатии ҷомеа барои нафароне, ки ҳар рӯз бо компутер кор мекунанд, тавсияҳо дод:
– Линзаҳои махсус ва айнакҳои компутерӣ чашмро комилан ҳимоя намекунанд. Онҳо қисман ёрӣ медиҳанду бас. Барои пешгирӣ аз хасташавии чашм ҳангоми кор бо компутер бояд машқҳои махсусро анҷом диҳем.
Машқҳо чунинанд:
Аввал нигоҳи худро ба сӯе мебарем, ки дар он ҷо компутер ба назар намоён набошад.
Чашмҳоро дар ҳар 3–5 сония мепӯшем ва мекушоем.
Мардумаки чашмро ба рост, чап, боло ва поин ҳаракат мекунонем.
Вақте, ки сӯзиши чашмҳоро эҳсос мекунем, 3–4 дақиқа онҳоро мебандем, то истироҳат кунанд.
Агар бо компутер бисёр кор кунем ва дар натиҷа чашм сӯзаду нам гардад, дар пешонӣ дардро эҳсос кунем, хаста ва беҳол шавем, ин ҳолатро – «синдроми компутерӣ» мегӯянд.
Барои он, ки компутер нури чашми моро нагирад, бояд масофаи миёни чашм ва монитор ҳадди ақал 45 сантиметр бошад. Нуре, ки аз берун ба хона медарояд, набояд рост ба монитор афтод. Корбари компутер зуд-­зуд рӯи мониторро пок кунад, чун он чангу ғуборро дар худ ҷамъ мекунад.
Бонувони ҳомиладор кӯшиш кунанд, то аз ҳар гуна модели компутер камтар истифода баранд, махсусан, дар се моҳи аввали ҳомиладорӣ. Агар кор бо компутер ногузир бошад, ҳомиладорон дар ҳар соат танаффус ва истироҳат кунанд.
Кори тӯлонӣ бо компутер боиси аз кор мондани мушакҳои бадан мегардад. Дар натиҷа, нафасгирӣ душвор мешавад. Китф, гардан ва сар дард мекунад. Барои пешгирии остеохондроз бояд ба интихоби миз ва курсӣ аҳамият дод.
Агар ҳангоми кор рост нигоҳ дош­тани қомат душвор бошад, мешавад ба пушти худ болишт гузорем ва ба он такя кунем. Аммо болиштро чунон гузорем, ки он аз китфи мо каме пасттар бошад ва барои рост дош­тани қомат ёрӣ диҳад. Барои он ки мушакҳо «нахобанд», бояд машқҳои ҷисмонӣ кунем, ё дар хона қадам занем.
Барои дастон низ машқҳои махсус пешбинӣ шудаанд:

10–15 бор дастонамонро меафшонем. 10–15 бор панҷаҳоро мушт мекунем ва дубора мекушоем. Дар ҳоле, ки панҷаҳо мушт шудаанд, дастҳоро 8–10 бор чарх мезанонем. Бо як даст дасти дигарро молиш медиҳем.
Ҳамчунин, вақте, ки дар пеши компутер нишастаед, ба ин қоидаҳои муҳим доимо амал кунед:

  1. Сару қомати худро рост нигоҳ доред.

2. Компутери рӯи мизи кориатон баробари саратон ҷойгир бошад ва нигоҳи чашмонатон ба компутер рост бошад, на паст ва на боло.

3. Бозуҳо ва кафи дастонатон бояд озод бошанд.

6. Гоҳ-­гоҳ дастони худро боло бардоред ва як кунед, баъд қомати худро бо навбат ба росту чап ҳаракат кунонед.

Таҳия ва
тарҷимаи УМЕД
.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ