Дар беш аз 250 ҳазор баллони газ стикер гузоштанд


Солҳои охир бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷи мардум ба қувваи барқ, инчунин, бо баллонҳои гази моеъ мунтазам таъмин кардани аҳолии ҳудудҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, ки бо гази табиӣ таъмин нашудаанд, чорабиниҳо амалӣ мегарданд.
Бо ҳамин мақсад Ҷамъияти саҳҳомии «Нududgazta’minot» тартиби назорати онлайни таъмин бо гази моеъро ба роҳ монд. Ин сохтор аз се зина иборат аст.
Зинаи I – дар баллонҳои гази моеъ гузош­тани стикерҳои коддори дорои штрихи махсус;
Зинаи II – бо ID‑картаҳо таъмин кардани истеъмолчиён;
Зинаи III – ба сохтори онлайнии «Е‑gaz» пайвастани ҷараёнҳои мазкур.
Ҳоло дар вилояти Самарқанд ҷамъ 535 123 дона баллони гази моеъ дар истифода буда, то имрӯз дар 267 065 баллони газ стикерҳои коддори дорои штирихи махсус гузошта шуданд.
Бояд гуфт, ки соли 2019 адади истеъмолчиёни гази моеъ дар вилоят 442 083 хонадонро ташкил карда бошад, соли 2020 адади онҳо ба 479 665-то расид.
Хизмати матбуоти филиали
таъминоти гази «Hududgaz Samarqand».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ