НИЗОМИ НАВИ ИҶРОИ ҲУҶҶАТҲОИ ПРЕЗИДЕНТ ҶОРӢ КАРДА МЕШАВАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис 29 декабри соли 2020 зарурати таъмини саривақтӣ ва самарабахши иҷрои ҳуҷҷатҳои қабулшударо, ки то ҳар як фарди кишвар дар мисоли ҳаёти худ натиҷаҳои ислоҳотро ҳис кунад, қайд кард. Ба Вазорати адлия супориш дода шуд, ки низоми нави расонидани ҳуҷҷатҳои қабулшуда ба шахсони масъул, мусоидат ба татбиқ ва назорати иҷрои онҳоро ҷорӣ намояд.
Дар ҷамъомаде, ки 18 январ Президент баргузор намуд, вазъи кунунӣ дар ин самт таҳлил карда шуда, пешниҳодҳо оид ба ташкили системаи самарабахши иҷро дар асоси таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.
Зикр гардид, ки дар тӯли 4 соли охир тақрибан 2 ҳазор фармон ва қарорҳои Президент қабул карда шуд. Аммо иҷрои онҳо дар минтақаҳо ва ташкилотҳо қаноатбахш намебошад.
Пандемияи коронавирус ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон мавҷуд будани мушкилотро дар як қатор минтақаҳо ошкор кард. Ислоҳот дар системаҳои таҳсилоти олӣ, нақлиёт, хоҷагии об, идоракунии амволи давлатӣ меланганд ва натиҷаҳои пешбинишударо намедиҳанд. Дар натиҷа, роҳбарони ин соҳаҳо аз вазифаҳояшон озод карда шуданд. Фаъолияти вазирони алоҳида ва муовинони вазир ғайриқаноатбахш дониста шуда, нисбати онҳо чораҳои интизомӣ татбиқ карда шуданд.
— Бузургтарин мушкилот дар системаи иҷро — ин ҷаҳонбинии шахшудамонда, бесаводӣ ва бемасъулиятист, — гуфт сарвари давлат дар ҷамъомад.
Чораҳо оид ба ташкили системаи самарабахши иҷро, ки чор марҳиларо фаро мегирад, баррасӣ шуданд. Инҳо банақшагирии иҷро дар марҳилаи лоиҳа, ташкил ва мусоидат ба татбиқ, арзёбии фаъолият ва мониторинги иҷрои онҳо мебошанд.
Барои мусоидат ба истифодаи амалии ҳуҷҷатҳо, муовинони вазири адлия ба шӯъбаҳои марказӣ вобаста карда мешаванд. Омӯзиши кормандони сатҳи миёна ва поёнӣ дар соҳаҳои дахлдор ташкил карда мешавад. Барои шарҳи ҳуҷҷатҳо ба соҳибкорон ва шаҳрвандон роҳбарони раёсатҳои вилоятӣ, шӯъбаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии адлия масъуланд.
Президент қайд кард, ки ҳуҷҷатҳои қабулшуда ба манфиатҳои мардум нигаронида шудаанд, бинобар ин онҳо бояд ба табақаи васеи аҳолӣ расонида шаванд.
На танҳо ба иҷро, балки ба самаранокии ҳуҷҷатҳо низ диққати махсус дода мешавад. Масалан, 1 майи соли 2020 қарор дар бораи аз ҳисоби давлат кандани чоҳҳо дар қитъаҳои дорои захираҳои обҳои зеризаминӣ ва ба аҳолӣ бо шартҳои имтиёзнок пешниҳод намудани онҳо қабул шуда буд. Барои ин аз Фонди зиддибӯҳронӣ 300 миллиард сӯм ҷудо карда шуда, 95 ҳазор гектар замин азхуд карда, тақрибан 70 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.
Дар ҷамъомад ба масъулин супориш дода шуд, ки ба маҳалҳо баромада омӯзиши мақсаднок ва мавзӯии иҷрои ҳуҷҷатҳоро гузаронанд. Ҳамзамон, ҳамаи масъалаҳо — аз камбудиҳо дар қонунгузорӣ то вазъи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ҳамаҷониба омӯхта мешаванд, агар мушкилот пеш ояд, барои рафъи онҳо пешниҳодҳо таҳия карда мешаванд.
Воситаи самарабахши назорати иҷрои қарорҳо иштироки омма ва назорати ҷамъиятӣ мебошад. Ба ин муносибат аҳамияти ҷорӣ намудани системаи муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ва мониторинги ҷамъиятӣ, иштироки фаъолонаи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва шаҳрвандон дар ин раванд таъкид карда шуд. Ба роҳ мондани иловаи мобилӣ ба назар гирифта шудааст, ки ба шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки барои иҷрои санадҳои Президент дархост фиристанд.
Вазорати адлия вазифадор карда шуд, ки якҷоя бо Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ва Маркази ҷумҳуриявии «Ижтимоий фикр» пурсиши афкори умумро гузаронида, татбиқ ва вокуниши шаҳрвандонро ба иҷрои қарорҳо омӯзад. Бо ин мақсад грантҳои махсус ҷорӣ карда мешаванд.
Ғайр аз ин, мақомоти давлатӣ конфронсҳои матбуотиро оид ба иҷрои қарорҳо ташкил мекунанд. Дар баробари муҳокимаи танқидии вазифаҳои иҷронашуда таҷрибаи мусбати иҷрои самараноки санадҳо равшан карда мешавад.
Натиҷаҳои кори таҳлилӣ ва иттилооти ҷамъоваришуда аз ҷониби президиуми Девони Вазирон бо минбаъд муайян намудани чораҳои дахлдор аз нигоҳи танқидӣ баррасӣ карда мешаванд.

ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ