Масъалаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Ӯзбекистон ва Туркия баррасӣ шуданд

Ҷамият

Муовини Сарвазири Ҷумҳурияти Ӯзбекистон — Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ Сардор Умурзоқов бо ноиби Президенти Ҷумҳурияти Туркия Фуат Октай телеконфронс баргузор намуд.
Ҷонибҳо вазъи кунунии татбиқи созишномаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин чораҳои минбаъдаи суръатбахшии татбиқи онҳоро муҳокима карданд.

Аз ҷумла, як қатор масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои ба «Харитаи роҳ» дохилшуда, ки дар натиҷаи сафари Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба Туркия дар моҳи феврали соли гузашта тасдиқ шудааст, баррасӣ шуданд. Дар робита ба ин, ҷонибҳо иброз доштанд, ки минбаъд низ ба соҳибкорони ҳарду кишвар дар татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак дастгирии амалӣ мерасонанд.

Ҷанбаҳои амалии истифодаи таҷрибаи Туркия дар рушди саноат дар минтақаҳои Ӯзбекистон ва ташкили фаъолияти самараноки минтақаҳои махсуси иқтисодӣ қайд карда шуданд.

Миёни вазоратҳои дахлдор оид ба пурзӯр намудани кори муштарак оид ба созишномаи кӯтоҳмуддат ва тасвиби Созишномаи тиҷорати имтиёзнок байни Ӯзбекистон ва Туркия созиш ба даст оварда шуд.

Дар ҷараёни музокирот ба баргузории ҷаласаи 6-уми комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистон ва Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар ин робита тавофуқ карда шуд, ки бо иштироки соҳибкорони Ӯзбекистон ва Туркия форуми тиҷорӣ ташкил карда шавад, ки ба рушди ҳамкориҳои мустақим байни доираҳои тиҷоратӣ ва ташаккули лоиҳаҳои нав оид ба ҳамкориҳои саноатӣ равона карда шудааст.

Дар поёни музокирот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории зичро бо мақсади таъмини сифат ва саривақтии иҷрои созишҳои ҳосилшуда равона кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ