Ҳаким Фузайлов сармураббии клуби “Динамо” шуд


Мураббии шинохтаи тоҷикистонӣ Ҳаким Фузайлов ба шартономаи яксола аз рӯйи сармураббигӣ дар “Динамо” имзо гузошт.
Дар мавсими имсола ба клуби касбии футболи “Динамо” инчунин, мураббиёни пуртаҷрибаи Ӯзбекистонӣ Ҷасур Ҳамроев, Дилшод Шарофутдинов ва Шӯҳрат Муродов мураббигӣ мекунанд.
Қайд кардан лозим, ки мураббии 56-сола — Ҳ.Фузайлов дар нимсолаи соли гузашта ба клуби футболи “Хӯҷанд” сармураббигӣ кард. Моҳи декабри соли 2020 аз рӯйи дароз кардани мӯҳлати сармураббигӣ шартнома имзо нагардид.
Ҳ.Фузайлов фаъолияти мураббигиро солҳои охири 90-уми асри гузашта оғоз кард. Ӯ ба клубҳои “Бухоро” ва “Динамо” (Самарқанд) сармураббигӣ карда буд. Аз соли 2005 то соли 2011 ӯ ба клубҳои “Ростов” ва “Локомотив” (Москва”) -и Россия ҳамчун мураббӣ фаъолият нишон дод. Дар моҳи январи соли 2012 Ҳ.Фузайлов витсе-президенти клуби футболи “Локомотив” – и Тошканд аз рӯйи ба бозӣ тайёркуниии бозингарон таъин гардид. Моҳи майи ҳамон сол вай ба таркиби штаби мураббиёни клуб дохил шуд ва дертар сармурабби ин ҷамоа интихоб гардид. Дар фаъолияти мураббигии худ Фузайлов тими яккачини Тоҷикистон ва ҷамоаи “Истиқлол” ва “Куктош” – ро омода кард. Дар оғози моҳи июли соли 2020 вай сармураббигии ҷамоаи “Кагакаота” –и Қирғизистон тарк карда, ба клуби “Хӯҷанд” омада буд.
Ҳ.Фузайлов литсензияи мураббигии дараҷаи PRO-ро дорад.
Мухлисони “Динамо” ба он боварӣ дораyд, ки сармураббии нав “Динамо”-ро ба Суперлигаи Ӯзбекистон мебарорад.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ