Ба президенти Шӯрои олимпии Осиё ноиби нав интихоб шуд

Котиби генералии Кумитаи олимпии Қатар Ҷасим Рашид Ал-Буэнайн ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) интихоб шуд. Номзадии Ал-Буэнайнро ба ин мақом президенти Кумитаи олимпии Қатар шайх Ҷоан ибни Ҳамад Ал-Танӣ пешниҳод кардааст.
Тибқи муқаррароти Оинномаи ОСА, пас аз он ки шаҳри Давҳа мизбони Бозиҳои Осиё-2030 интихоб шуд, ба Кумитаи олимпии Қатар иҷозат дода шуд, ки ба мақоми ноиби президенти ОСА номзад пешниҳод кунад.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон иттилоъ дод, Ал-Буэнайн иҷрокунандаи директори кумитаи дархостии Давҳа-2030 буда, дар омодагӣ ба бозиҳо нақши калидӣ хоҳад дошт.
«Барои ман ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё будан ифтихори бузург аст. Мехоҳам миннатдориамро ба президенти ОСА шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ва ҳамаи оилаи Шӯрои олимпии Осиё расонам, ки имкони саҳм гузоштан ба ояндаи дурахшони варзиши Осиёро фароҳам карданд. Ҳамчунин ба президенти Кумитаи олимпии Қатар Ҷоан ибни Ҳамад Ал-Танӣ барои таъйини ман ва супоридани намояндагии Давҳа-2030 дар Кумитаи иҷроияи ОСА изҳори сипос менамоям. Тавре мо гуфта будем, Қатар барои гузаронидани Бозиҳои Осиё имрӯз омода аст, бинобар ин мо имкон дорем, ки сарфаи хароҷоти худро барои сармоягузории инфрасохтор ва рушди варзиш дар саросари қора истифода барем», — гуфтааст Ҷасим Рашид Ал-Буэнайн.
Ал-Буэнайн ба ҳайати 12-нафараи Кумитаи иҷроияи ОСА ворид гардида, намояндаи дуюми Қатар дар ин мақом мешавад. Ноиби президенти Кумитаи олимпии Қатар Танӣ Абдураҳмон Ал-Куварӣ аз соли 2019 ноиби президенти ОСА мебошад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли гузашта Давҳа дар Ассамблеяи генералии ОСА ба ҳайси мизбони Бозиҳои Осиё-2030 интихоб шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ