UEFA ҷамоаи мунтахаби рамзии соли 2020-ро таҳия кард


Иттиҳоди федератсияҳои футболи Аврупо (UEFA) ҷамоаи мунтахаби рамзии соли 2020-ро таҳия ва мунташир кард.
Дар ин ҷамоа 5 нафар узви “Бавария”-и Мюнхен ҷой гирифтанд.
Таркиби ҷамоаи рамзӣ чунин аст:
Дарвозабон – Мануэл Нойер (Бавария),
Ҳимоятгарон – Йозуа Киммих, Алфонсо Дэвис (Бавария), Вирҷил ван Дейк (Ливерпул), Серхио Рамос (Реал),
Нимҳимоятгарон – Тиаго Алкантара (Бавария), Кевин де Брюйне (Манчестер Сити), Лионел Месси (Барселона),
Ҳуҷумгарон – Неймар (ПСҶ), Криштиану Роналду (Ювентус), Роберт Левандовски (Бавария).

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ