Об — асоси ҳосили баланд

Дарёи Зарафшон манбаи асосии оби вилоят ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо аз оби ин дарё аҳолии вилоятҳои Самарқанд, Қашқадарё, Навоӣ ва Бухоро истифода мебаранд. Дарёи Зарафшон якҷоя бо таъмини эҳтиёҷи аҳолӣ ба об, барои соҳаҳои хоҷагии қишлоқ ва саноати мамлакат ҳам хеле зарур аст.
Бинобар ин Садорати вилоятии нозироти назорати маҷмӯаи агросаноати назди Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар объектҳои обии сунъӣ аз рӯйи оқилона ва босамар, сарфакорона фоида бурдани об тадбирҳои назоратӣ мегузаронад.
Хусусан, дар соли гузашта 538 ҳолати қонуншиканӣ ҳангоми истифодаи об аниқ гардид. Аз ин дар 290 ҳолат дар 16,85 гектар замин нодуруст обёрӣ намудан, дар 37 ҳолат аз 6,19 ҳазор метри мукааб об бидуни шартнома, дар 14 ҳолат аз об бемақсад истифода кардан аниқ гардида, чораҳои бартараф кардани онҳо дида шуданд.
Инчунин, дар вилоят аз рӯйи дар 101230 гектар ғаллазор босифат обёрӣ намудан, босамар ва оқилона фоида бурдан аз ресурсҳои обӣ тадбирҳои мониторингнамоӣ гузаронда мешавад.
Дар он ба масъалаҳои эҳтиёҷи ба об доштаи аҳолӣ ва сохторҳои иқтисодиёт, оқилона истифода бурдан аз об, ба беҳ намудани ҳолати объектҳои обӣ эътибори ҷудогона дода, манфиатҳои қонунии фермер ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳимоя карда мешаванд.
Ҳамаи ин корҳо баҳри сарфакорона истифода бурдан аз ресурсҳои обӣ заминаи мустаҳкам шудани об барои бисёртар расондани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ хизмат мекунад.

А.ХУДОЁРОВ, сарнозири Садорати нозироти назорати маҷмӯаи агросаноати вилоят

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ