Дар Россия аз чоҳи канализатсионӣ мурдаи дар покети полиетилинӣ печондашудаи ӯзбекистонӣ ёфт

шуд Дар вилояти Липетски Россия рӯзи 19-уми январ аз чоҳи канализатсионии нав сохташуда мурдаи дар покети полиетилинӣ печондашудаи марди 33-солаи ӯзбекистонӣ ёфт шудааст. Дар ин бора Кумитаи кофтуковии вилоят хабар додааст. Маълум мешавад, ки рӯзи 19-уми январ дар деҳаи Студенкаи ноҳияи Добринский соҳибони хонаҳои нав сохташуда аз чоҳи канализатсионӣ мурдаи дар покети полиетинӣ печондашударо ёфтанд. Онҳо дар ин бора ба мақомоти муҳофизаи ҳуқуқ хабар доданд. Ба ҷойи воқеа гурӯҳи зудамали кофтуковӣ омад. Дар қисми гулӯъ ва сари мурда ҷароҳатҳо ба назар расиданд. Айни замон тамоми ҳолатҳои ҷинояткориро меомӯзанд. Инчунин бо мақсади ёфтани қотил ҳаракати кофтуковӣ ва суд экспертиза бурда истодаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ