Нахустин бор зан роҳбари Идораи иттилооти марказии ИМА шуд


Сенати ИМА хонум Аврил Ҳейнсро раиси Идораи иттилооти марказӣ (Идораи ҷосусии ИМА) таъин кард.
Бино ба хабари расонаҳо, 84 нафар сенатор Ҳейнсро номзадии дастгирӣ карданд. Ӯ нахустин занест, ки роҳбарии идораи иттилоотро ба ӯҳда гирифт. Аврил Ҳейнс дар даври Барак Обама мушовири масъалаҳои амниятии ӯ муовини мудири идораи иттилооти марказӣ буд.
Ҳейнс дар мақоми нави худ фаъолияти 18 хадамоти махсуси амрикоиро, аз ҷумла, идораи иттилооти марказӣ, идораи ҷустуҷӯи федералӣ, оҷонсии амнияти миллӣ ва шӯъбаҳои гуногуни вазоратҳои мудофиа ва молияро назорат мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ