Манзили нахустини ташрифи Президент ба Бухоро ноҳияи Олот шуд

Президентамон Шавкат Мирзиёев рӯзи 21-уми январ ба Бухоро омада, дар чархбол роҳи ноҳияи Олотро гирифт. Ин ташрифи аввали соли ҷорӣ мебошад, ки ба ривоҷи иқтисодиёти ҳудудҳо нигаронида шудааст. Ва диданро аз ноҳияи дурдасти вилоят оғоз кардани ӯ бесабаб нест. Рӯзи 27-уми апрели соли 2020 ба вилояти Бухоро аз Ҷануб боди шадид даромада буд. Ба хонаву ҷойҳо, инфрасохтор ва киштзорҳо зарари калон расонда буд. Роҳбари давлатамон ба зудӣ ба он ҷо рафта, аз рӯйи бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ, таъмири ҷойҳои истиқоматӣ ва объектҳои иҷтимоӣ супоришҳо дода буд. Дар муддати кӯтоҳ корҳои зарурӣ иҷро гардида, ҳаёт ба мароми худ расид. Дар сафари имрӯза Президент бо корҳои дар ин ҷо амалигардида шинос шуд. Хусусан, дар ноҳияҳои Олот, Қоракӯл, Ҷондор, Ромитан, Пешку ва Шофиркон 45000 хона, 204 бинои бисёрошёна, роҳҳо, сохтори элекр, газ ва алоқа барқарор шудааст. Ҳоло Роҳбари давлатамон бо аҳолии ин ҷойҳо мулоқот карда истодааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ