Такмили ихтисос омили муҳимми самарадории кор аст


Бо ташаббуси шӯъбаи вилоятии Агентии рушди хидматҳои давлатии вобаста ба Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар китобхонаи шаҳри Самарқанд ба номи А. С. Пушкин бо иштироки ректорҳои донишгоҳҳои вилоят, мудирони марказҳои такмили ихтисоси давлатӣ ва нодавлатӣ сӯҳбати озод барпо шуд.
Мақсад аз мулоқот таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони хидматҳои давлатӣ дар вилоят буд.
Ҳамчунин, масъалаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси беш аз 7 200 нафар корманди давлатии муассисаҳову ташкилотҳои давлатӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ, имкониятҳои донишгоҳҳо ва марказҳои такмили ихтисос дар ин замина баррасӣ шуд.
Дар аввали тадбир нишондодҳои такмили ихтисоси кормандони давлатӣ дар солҳои 2018-2020 баррасӣ шуд ва паст будани сатҳи нишондодҳо таъкид гардид.
Дар охири мулоқот барои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони давлатӣ чандин фикру тавсия пешниҳод шуд. Ҳамчунин, масъулон таҳияи дастури такмили омӯзиши кормандони давлатӣ дар соли 2021-ро низ барномарезӣ карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ