“Ҳисобкунакҳои ақлнок”-и газ то моҳи марти соли ҷорӣ бепул насб карда мешавад

Дар хонаи матбуотии Самарқанд бо иштироки масъулини бахши таъминоти “Hududgaz Samarqand” нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Олим Исоқулов, директори филиали таъминоти “Hududgaz Samarqand” ва Шавкат Усмонов, сардори шӯъбаи таъминоти гази “Samarqandshahargaz” дар бораи ҷорӣ намудани системаи автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии гази табиӣ сухан гуфтанд.

  • Тибқи маълумоти гидрометеорология, ҳарорати ҳаво аз рӯзи 21-уми январ бори дигар поин меравад. Аз ин рӯ ходимони “Hududgaz Samarqand” ва “Samarqandshahargaz” барои одилона истифода бурдани гази табии дар тамоми ҳудуди Самарқанд бо насб кардани ҳисобкунандаҳои нави газ машғул ҳастанд. Дар соли 2020 ба истеъмолкунандагон 1 058 935,7 метри мукааб газ, 551 079,4 метри мукааб ба истеъмолкунандагон умумӣ, дар маҷмӯъ 1 639 094,2 метри мукааб газ ва 61 514,65 тонна маҳсулоти гази моеъ ба истеъмолкунандагон дода шуданд, — гуфт директори филиали таъминоти “Hududgaz Samarqand” О. Исоқулов. — Дар моҳҳои январ-июли соли 2021 насби 192487 ҳисобкунандаи газ дар назар аст. Ин ҳисобкунандагони газ барои аҳолии Самарқанд афзалиятҳои васеъ дорад. Аз ин ҷумла, ба ходимони идораҳои газ ҳам.
    Инчунин директори филиали таъминоти “Hududgaz Samarqand” таъкид намуд, ки аҳолӣ то моҳи марти соли ҷорӣ бо “ҳисобкунакҳои ақлнок”-и газ бепул таъмин мешавад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ