Дар Ухан намоишгоҳи даври пандемия боз шуд


Аз рӯзе, ки дар шаҳри Ухани Чин ба далели пандемияи коронавирус карантин ҷорӣ карданд ва шаҳрро комилан бастанд, як сол сипарӣ мешавад. Имрӯз дар кӯчаҳои шаҳр бе ниқоб сайру гашт кардан мумкин аст. Ҳоло дар шаҳри Ухан ҳамчун рамзи ғалаба бар пандемия намоишгоҳи махсус боз шуд.
Бино ба хабари “МИР 24”, музейи коронавирус дар бемористоне, ки қаблан мубталоёни COVID-19 муолиҷа мешуданд, таъсис ёфт. Дар музей аз либосҳои махсуси тиббии кишварҳои тамоми ҷаҳонро намуна овардаанд. Ҳамчунин, дар музей дар бораи ҷараёни мубориза бо пандемия аксҳои зиёдеро дидан мумкин аст. Дар бораи қурбониёни мубориза бо коронавирус бахши алоҳида ҷудо шудааст.
Чэн Дасзи, нафаре, ки дар намоиш иштирок кард, гуфт, “Сокинони Ухан бисёр ҳодисаҳоро паси сар карданд… Онҳо дар рӯзҳои инзиво (изолятсия) озодии худро қурбон карданд ва дар роҳи муборизаи Чин бо пандемия саҳми калон гузоштанд. Вақте, ки шаҳр боз шуд, ман фаҳмидам, ки маҷбурам ба Ухан биёям”.
Ҳукумати шаҳр мехоҳад мавзӯъи коронавирусро барои ҷалби сайёҳон истифод кунад. Зеро, Ухан дар ҷаҳон ҳамчун ватани COVID-19 машҳур шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ