Криштиану Роналду беҳтарин голзани таърихи футбол шуд


Криштиану Роналуд, ҳуҷумгари португалии “Ювентус” дар бозии Суперҷоми Италия ба дарвозаи “Наполи” 2-то гол зад. Голҳои Роналду “Ювентус”-ро соҳиби суперҷом кард.
Ҳамчунин, худи ӯ дар давоми фаъолияташ 760-умин голро зад. Бо ин натиҷа, ӯ мақоми беҳтарин голзани таърихи футболро аз они худ кард.
Рекордӣ қаблӣ ба номи Йозеф Бисан, ҳуҷумгари Чехия сабт шуда буд. Ӯ дар солҳои 1931-1955 ҳунарнамоӣ карда ва 759 гол задааст.
Роналду то задани голи рекордӣ дар таркиби “Спортинг”, “Манчестер Юнайтед”, “Реал” ва “Ювентус” дар 1036 бозӣ иштирок кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ