Олимон роҳи нави воридшавии коронавирусро ба шуш кашф карданд


Олимони Чин як роҳи нави воридшавии коронавирусро ба шуш кашф карданд. Маҷаллаи Cell Research натиҷаи пажӯҳиши онҳоро чоп кард.
Ба гуфтаи онҳо, танҳо сафедаи ACE2 ҳамчун дарвоза барои ворид шудани коронавирус ба роҳи нафас ва шуш “хидмат” намекунад. Ҳамчунин, ферменти AXL низ яке аз роҳҳои воридшавии вирус аст.
AXL – сафедаи мембранаӣ буда, барои чандин ҷараёни физиологӣ масъул аст. Ба назари олимон, агар ин ресепторҳо хомӯш карда шаванд, эҳтимоли сирояти коронавирусро чандин баробар коҳиш додан мумкин аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ