Меркел дар интихоботи ояндаи Олмон иштирок намекунад


Ангела Меркел дар интихоботи канслери Олмон дар соли 2021 иштирок нахоҳад кард. Худи Меркел дар нишасти матбуотӣ дар Берлин чунин гуфт. Дар ин бора Регнум хабар дод.
Ӯ гуфт, Ман мехостам, ки… ҳукумати нави Ҷумҳурии федералии Олмон зуд ташкил шавад…Ман дигар дар ягон муборизаҳои сиёсӣ иштирок намекунам”.
Меркел афзуд, ки аз ягон қарори гирифтаи худ дар рӯзҳои вазнини Олмон афсӯс намекунад.
Канслери Олмон таъкид кард, “Сиёсат ин аст, ки дар чорчӯби имконот мӯҳтавои воқеъиятро бояд хуб дарк кунӣ”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ