Соли 2020 чанд нафар шаҳрванд аз озодӣ маҳрум гардиданд?

Суди Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар бораи парвандаҳое, ки судҳои ҷиноятӣ дар соли 2020 баррасӣ кардаанд, маълумот пешниҳод кард.
Бино ба маълумоти манбаъ дар соли 2020:

  • 30 284 парванда нисбат ба 38 149 нафар шаҳрванд баррасӣ шуданд;
  • 781 нафар одамон сафед карда шуданд ва реабилитатсия гардиданд;
  • адади шаҳрвандоне, ки суд шуданд — 27999 нафар;
  • 7110 нафар аз озодӣ маҳрум карда шуданд;
  • 1051 нафар шахст шартан ҳукм карда шуданд;
  • 19.838 нафар ба дигар намудҳои ҷазо маҳкум карда шуданд.

Аз шахсони судшуда 24.972 нафар мардон, 3027 нафар занон, 10371 нафар ҷавонон (аз ҷумла 499 нафар ноболиғон) ва 908 нафарашон аз 60-сола боло буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ