Дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Бағдод 32 нафар кушта шуданд


Рӯзи 21 январ дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Бағдод, пойтахти Ироқ 32 нафар кушта ва 10 нафар захмӣ шуданд.
Бино ба хабари расонаҳо, як террорист дар бозори ноҳияи Боб ал Шарқии Бағдод худро таркондааст. Кормандони пулис ӯро пеш аз ин амалаш таъқиб кардаанд, вале, террорист муваффақ шудааст, ки худро тарконад.
Чунин ҳамла дар Бағдод бори охир моҳи январи соли 2018 рух дода буд.
То ҳол ягон гурӯҳи террористӣ масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳдаи худ нагирифт. Аммо, охирин ҳамлаҳои террористӣ дар ин шаҳр аз сӯи аъзои гурӯҳи Давлати исломӣ анҷом ёфтааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ