Шумори мубталоёни коронавирус дар Канада ба 731,4 ҳазор нафар расид


Дар як шабонарӯзи гузашта дар Канада 5955 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар ин бора вазорати тандурустии Канада хабар дод.
Ҳоло шумори умумии мубталоёни коронавирус дар ин кишвар 731,450 нафар аст. Рӯзи гузашта 160 бемор фавтид ва шумори қурбониён ба 18 622 нафар расид.
Гуфта мешавад, ки дар айни ҳол 645 729 нафар бемор шифо ёфтаанд.
Бино ба маълумоти вазорати тандурустӣ, вазъияти эпидемиологӣ дар вилоятҳои Квебек, Онтарио ва Алберта мураккаб аст. Дар ин се вилоят дар умум беш аз 610 ҳазор нафар мубталои коронавирус шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ