Пекин муҳлати карантинро барои хориҷиён 28 рӯз муқаррар кард


Ҳукумати Пекин муҳлати карантинро барои хориҷиёне, ки ба пойтахти кишвар меоянд то 28 рӯз дароз кард.
Бино ба хабари Синхуа, мураккаб шудани вазъияти эпидемиологӣ дар Пекин боиси ин қарор гардидааст.
Бар асоси қоидаи нав, касе, ки ба Пекин рафт, 14 рӯзро дар маркази тиббии карантин сипарӣ мекунад, 7 рӯзи баъдиро дар хона, ё маркази карантин ва 7 рӯзи охирро дар зери назорати соҳаи тандурустӣ мегузаронад.
Касоне, ки пеш аз ҷорӣ шудани ин қарор ба Пекин омаданд ва камтар аз 21 рӯзро дар ин шаҳр сипарӣ карданд, 7 рӯзро дар инзиво (изолятсия) ва 7 рӯзи дигарро дар зери назорат мегузаронанд. Онҳо дар муддати 7-рӯзаи назоратӣ метавонанд мисли дигарон зиндагӣ кунанд, аммо бояд худро аз ҷамоат дур нигоҳ доранд ва дар бораи вазъи саломатии худ ҳисобот диҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ