Сардор – корманди беҳтарини адлия дар соли 2020

Аз тарафи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ байни кормандони мақомоти адлия зинаи ҷумҳуриявии озмуни «Беҳтарин шӯъбаи адлияи сол» ва «Корманди беҳтарини адлияи сол» гузаронида шуд.
Мақсади асосии озмун рағбатноксозии фаъолияти шӯъбаҳои ноҳиявӣ(шаҳрӣ)-и адлия ва кормандони адлия мебошад, ки дар иҷрои самараноки вазифаҳо ва супоришоти ба зиммаи адлия гузошташуда саҳми муносиб гузошта, ӯҳдадорӣ ва масъулияти худро ба таври намунавӣ иҷро мекунанд.
Озмун дар ду зина гузаронида шуд. Дар зинаи аввал шӯъбаҳои адлияи тамоми ҳудудҳо иштирок карданд. Комиссияҳои махсус дар ҳар як ҳудуд се шӯъбаи адлия – ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро муайян карданд.
Дар зинаи ҷумҳуриявӣ аз ҳамаи вилоятҳои ҷумҳурӣ намояндагон иштирок карданд.
Дар озмун сармушовири Садорати адлияи вилояти Самарқанд Сардорбек Маҷидов дар самти «Корманди беҳтарини адлияи сол» ҷойи аввалро соҳиб гардид.
Ба ӯ диплом ва 15 миллион сӯм супорида шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ