Дар Тошканд Ҳафтаи санъати кинои миллӣ баргузор шуд

Рушди санъати кино, сохтани филмҳои шавқовару аз ҷиҳати бадеӣ босифат сатҳи маънавияту маданияти тамошобинонро боло мебарад. Агентии миллии «Ӯзбеккино» солҳои охир барои иҷрои ин вазифаи муҳим чандин ташаббусро пеш бурд. Ҳафтаи санъати кинои миллӣ яке аз ин пешниҳоду ташаббусҳо буд.
Ин ҳафтаи ҳунарӣ бар асоси дас­тури Раисҷумҳури кишварамон Шавкат Мирзиёев таъсис ёфт. Раисҷумҳур дар чорчӯби ташриф ба студияи навшудаи «Ӯзбекфилм» дар бораи таъсиси шӯъбаи Донишгоҳи давлатии кинематографияи Русия дар Тошканд, дубора роҳандозӣ кардани ҷашнвораи байналмилалии кинои Тошканд, бозгардондани филм­ҳои ӯзбекие, ки дар хориҷа маҳфуз мебошанд ва фароҳам овардани имконияту шароитҳо барои эҷодкорони ҷавони соҳа вазифаҳои муҳим дода буд.
Дар чорчӯби ҳафтаи кино дар саросари Ӯзбекистон бо иштироки эҷодкорони ин соҳа вохӯриҳо, намоиши филмҳои таърихӣ ва бадеӣ баргузор шуд.
Дар рӯзи нахусти ҳафта дар толори калони Қасри эҷоди ҷавонон маросими ифтитоҳ барпо гардид. Баъд, филмноманависи шинохта Шоира Ғиёсова дар мавзӯи «Филмномаро чӣ тавр бояд навишт?» дарси маҳорат гузаронд.
Эҷодкорони ҷавон дар дарсҳои маҳорат оиди қоидаҳо ва ҷиҳатҳои махсуси драматургияи кино, услубшиносии замонавӣ маълумот гирифтанд.
Ширкати давлатии «Ёшлар ижодий-­тажриба студияси» барои эҷодкорони ҷавон озмуне баргузор кард, ки он дар таърихи «Ӯзбеккино» бори аввал дида мешавад. Дар озмун ба ҷараёни интихоби қаҳрамонон барои лоиҳаҳои нав эътибор дода шуд. Бояд гуфт, ки имсол бар асоси супориши «Ӯзбеккино» беш аз 50 филми мустанад ва бадеӣ, тақрибан 10 сериали нав ба навор мегиранд.
Дар барномаи шабона нахустнамоиши филми бадеии «Мен террорчи эмасман» («Ман террорист нестам») барпо шуд. Ин филмро «Ӯзбеккино» бо ҳамкории ширкатҳои филмсозии «Mir Ali cinema» ва «Iskandariy visual» ва бо ёрии Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекис­тон таҳия кардааст. Жанри ин филм драмаи ҳарбӣ буда, онро бар асоси воқеаҳои зиндагӣ ба навор гирифтаанд. Дар филм тақдири ғамангези касоне, ки ба гурӯҳҳои террористӣ пайвастаанд, ҳикоя мешавад. Ин филм ба муносибати 14-уми январ – Рӯзи ҳимоягарони Ватан ба ҳарбиён низ махсус намоиш дода шуд.
Эҷодкорон дар мизи мудаввар фаъолияти барномаи «Зумраша»-ро низ баррасӣ ва вазифаҳои дахлдор ба ояндаи ин барномаро муайян карданд. Дар мизи мудаввар ҳунарпешаи халқӣ Хайрулло Саъдиев, Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон, профессор Шариф Қосимбоев, ҳунарпешаи боистеъдод Эркин Бозоров ва режиссёру филмноманависони ҷавон иштирок карданд.
Мулоқот дар мавзӯи «Ӯзбекис­тони нав ва кинематографияи миллӣ» лоиҳаҳо барои соли 2021, ғояҳои нави 2022 бо завқу шавқи беандоза баргузор шуд. Дар ин мулоқот тақдимоти лоиҳаҳои нав – асари «Узбечка»-и Акбар Бектурдиев, «Бӯйсунмас»-и Ҷаҳонгир Аҳмедов, «Аёл қисмати»-и Дилмурод Масаидов, «Сӯнгги дарвеш»-и Мирмақсуд Охунов ва «Йиғламас»-и Абдусамат Ғаниев баргузор шуд.
Ҳамчунин, ширкати давлатии «Мултипликацион филмлар студияси» барои кӯдакон таҳти мавзӯи «Ӯзбекистон – диёри мо» озмуни эҷодӣ барпо кард. Кӯдакон дар давоми як рӯз дар бозиҳои эҷодии интер­активӣ, дарсҳои маҳорат, дарсҳои амалӣ, мисли офаридани қаҳрамонони машҳури мултфилм, наққошӣ ва сӯҳбатҳои устодон иштирок карданд. Дар поёни озмун барои кӯдакон беҳтарин мултфилмҳои Ӯзбекистонро намоиш доданд.
Дар чорчӯби ҳафта нахустнамоиши филми «Сумбул» баргузор шуд. Ин филм самари ҳамкории «Ӯзбеккино» ва «Татаркино» мебошад. Илова бар ин, маросими ифтитоҳи кинотеатри нави «Riviera» дар ноҳияи Олмазори пойтахт ва намоиши филми «Фариданинг икки минг қӯшиғи» низ барпо гардид.

Мухбири худамон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ