Риш – суннат, дастовези хирадмандон ё нишонаи худнамоии ҷавонон?

Ба пирон риш мезебад. Риши сафеди зебо ҳусну ҷамоли онҳоро бештар мегардонад. Вале баъзе ҷавонон ҳам риш мемонанд. Онҳо риш мемонанду ба нигоҳубини он эътибор намедиҳанд. Ё тартибу одоби ришмониро намедонанд.
Чаро баъзе ҷавонон риш мемонанд? Бо ин гуна савол ба чанд нафар муроҷиат кардем.
– Кори шумо чӣ? – дағалона ҷавоб дод яке. – Ман чӣ коре кунам, ё хоҳам, ин ихтиёри ман аст!
Албатта, ин кор ихтиёри ҳар кас аст. Мо ҳуқуқи ташвиқ ё манъ кардан надорем.
– Ба риштарошӣ баъзан вақт намешавад, дар натиҷа риши одам дароз мешавад. Ман аслан риш намондаам, фақат баъди дароз шудан ришу мӯйлабамро метарошам, – гуфт дигаре.
Боре дар автобус сабабашро аз ҳампаҳлӯи ҷавони ришдор пурсидам.
– Ин суннати Пайғамбар аст. Мо, ки мусулмонем, ба арконҳои динӣ бояд риоя кунем. Худам усто. Бо рангу бор ва сангчиниву фаршпӯшии плиткагӣ машғулам. Риш ба корҳои устогии ман халал намерасонад, – ва ба соати телефонаш як назар афканда, илова кард. – Эҳ, ба намози ҷамоа дер намонам! – Ва дар истгоҳи навбатӣ аз автобус фаромад
Худи риш чист? Риш ҷойи бо пашм пӯшидашудаи поёни рӯй ва қисми пеши гардан аст. Он яке аз нишонаҳои ҷинсии мардҳо ба ҳисоб меравад. Риш баробари ба балоғатрасии ҷавонон сабзида мебарояд.
Агар ба маълумоти таърихӣ рӯ орем, тамоми мардони Мисри Қадим риши худ­ро метарошидаанд. Ҳуқуқи ришдориро танҳо соҳиби замин – фиръавн дошт. Вале риши вай ҳам сунъӣ буд.
Искандари Мақдунӣ ба тамоми сарбозонаш фармон дода буд, ки ришҳои худро тарошанд. Мақсад, то ки ҷанговарони тарафи душман ҳангоми муҳориба аз ришашон надоранд.
Дар империяи Рим риши тарошида ва мӯйи сари кӯтоҳ нишонаи маданиятнокӣ ба ҳисоб мерафт ва бо ин роҳ гӯё юнониёнро аз халқҳои «ваҳшӣ» фарқ мекарданд. Ба ин анъана император Адриан нуқта гузошт.
Риш доштани тамоми ходимони динии православӣ шарт буд. Христианҳо ба риш мондан ӯҳдадор мегардиданд. Барои зарар расонидан ба риш ё мӯйлаб ҷаримаи калоне ситонида мешуд.
Дар Россия дигаргуниҳои куллӣ – ӯҳдадории ҳатмии тарошидани риш бо фармони Пётри I дар соли 1699 ба амал омад. Ин зидди бисёр анъанаҳои православӣ ба ҳисоб мерафт. 16-уми январи соли 1705 фармоне интишор шуд. Мувофиқи он диакон ва рӯҳониён бепул имкони риш мондан доштанд, вале барои дигарон бо пардохти маблағи муайян ба риш мондан имкон дода мешуд.
Рӯҳониёни дини католикӣ ҳам риш мегузоштанд.
Аз рӯйи гуфтаҳои фақеҳони дини ислом доштани риш барои мардҳо шарт аст. То ба як қабза дароз кардани он иҷозат дода мешавад.
Шӯришгарони зидди режими Батис­таи Куба бо сарварии Фидел Кастро ҳамчун «барбудос» – ришдорҳо шинохта шуда буданд.
Фикру ақидаи мардум дар бораи риш мондан ва ё намондан гуногун аст.
Абулазиз ҚАЮМОВ, сокини маҳаллаи Ургутии шаҳри Самарқанд:
– Дар ин бора ягон чиз гуфта наметавонам. Аз афт, риш монданамон лозим аст. Вале ман риш монда наметавонам. Дар ҷойи кори мо риш мондан намезебад. Вале ин суннати Пайғамбар аст.
Миродил МИРФАЙЗОВ, сокини маҳаллаи Гулободи ноҳияи Самарқанд:
– Ҳозир бисёр ҷавонон риш монда мегарданд. Ҳамаи онҳо барои бодигиву худнамоӣ аст. Баъде, ки одам риш монд, ҳурмати ришу фаш бояд бошад. Вале онҳо бо вуҷуди риш доштан дурӯғ мегӯянд, фиребу найрангро ба кор мебаранд ва аз корҳои бад ҳам рӯ намегардонанд.
Толиб ЮНУСОВ, нафақахӯр аз маҳаллаи Оқмасҷиди ноҳияи Самарқанд:
– Мегӯянд, ки дар ҳар як тори риши мард фариштаву малоикаҳо мешинанд. Зеби мард риш аст. Ман ҳангоми хонандаи мактаб буданам, яъне аз синфи ҳаштум риш монда будам. Давраи донишҷӯиро бериш гузаронидам. Боз ришамро дароз кардам. Ҳурмати одамони ришдор баланд аст. Дар вақти муаллимиам барои риши ман директори мактаб ҳатто танбеҳ (виговор) гирифта буданд. Зарарашро ҳам дидам. Риши ман боиси бисёр ҷанҷолу хархаша ва кору ғавғоҳо ҳам шуд.
Раҳмон Неъматов, 87-сола, сокини маҳаллаи Навободи ноҳияи Самарқанд:
– Ман пештар дар бисёр ҷой, аз ҷумла, дар заводи хишт, ҷамъияти ихтиёрии бехатарии сӯхтор ва 22 сол дар ферма кор кардам. Баъди ба нафақа баромадан риш мондам. Риши кӯтоҳ маъқул. Барои ҳамин зуд-­зуд ба сартарошхона меравам. Ришдор шудаму корҳои ғайришаръиро бас кардам. Панҷ вақт намоз хонда, рӯза доштам. Ҳамин сол ҳам моҳи шарифи Рамазонро нағз гузаронидам. Аз моҳи сентябр ин тараф намозхонӣ карда наметавонам. Пирӣ имкон намедиҳад.
Ҳусейн Ҷалилов, омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 52-и ноҳияи Самарқанд:
– Ман аз таърихи ниёгонамон медонам, ки мардуми мо пештар риш мегузоштанд. Риш бо ҳар хел сабаб ва назардошти шахсӣ гузошта мешавад. Масалан, дар мамлакатҳои исломӣ бо мақсади ба пайғамбар Муҳаммад алайҳисаллом пайравӣ карда, риш мемонанд. Дар қисме аз мамлакатҳои дигари ҷаҳон барои сохтани имиҷи махсуси худ, барои нигоҳдошти саломатӣ, пинҳон кардани нуқсонҳои рӯй риш мегузоранд. Дар давраи шӯравӣ, ки назарияи атеистӣ ҳукмрон буд, ҳатто ба афту андом бо назари атеистӣ нигоҳ мекарданд. Ҳоло давлати мо мустақил аст ва ҳар шаҳрванд аз рӯйи дониши худ метавонад бо мӯйи сару риши худ чӣ хел хоҳад, корбарӣ намояд.
Ман бе сабаб «дониш» гуфта наистодаам. Мафҳуми риш ин бисёр мафҳуми нозук мебошад ва сабабу хусусият ва таърифи онро аксарият намедонанд. Илоҷаш бошад, дар ин бора як мақола не, ҳатто рисолаҳо навистан лозим аст.
Аз сабаби бемаълумотӣ ҳоло дар байни ҷавонон, пиронсолон ва ҳатто байни намозхону ходимони динӣ як намуди муайяни ришгузорӣ амал намекунад. Дар натиҷа, чеҳраву андоми мо (на ҳама албатта) ба ниёгонамон не, балки ба кадом як шахси аз маънавият дур монанд аст.Ҳамчун омӯзгор мехостам аз даври мактабӣ сар карда, ҳеҷ набошад як-­ду соат дар дарсҳои тарбиявӣ дар ин бора гуфта шавад. Дар амри маъруфҳо низ дар ин бобат сухан кардан судбахш мебошад.
Ба тартиб овардани мӯйи сар ва ришу мӯйлаб ба зиммаи сартарош­ҳо аст. Мо дар маҳаллаи Кӯйи сахои ноҳияи Самарқанд ба дӯкони сартарошии «Бародарон» даромадем. Устои калони ин сартарошхона Абдуманнон Нарзиқулов аст.
Вай ба ин касб аз соли 1987 машғул мебошад. Корро ҳамчун шогирд сар карда, ба дараҷаи устодии касби худ расидааст ва бо додаронаш якҷоя кор мекунад. Худаш ҳам се сол қабл риш мондааст.
Мо ба усто Абдуманнон Нарзиқулов бо чанд савол муроҷиат кардем:
– Шумо пири ин корҳо ҳастед. Бигӯед, ки одам аз кай мӯйлаб ё риш монад?
– Вақте ки мо нав ба усто шогирд шуда омадем, одамҳои пир мегуфтанд, ки мардҳо ришро аз 40-солагӣ монанд, беҳтар аст. Ҳозир бисёр ҷавонон мӯйлаб намемонанд. Вале одамҳои пештара мегуфтанд, ки зеби мард ё мӯйлаб ё риш аст. Аз афташ, пештар мардуми мо то 40-солагӣ мӯйлаб ва баъд риш мемондаанд.
– Ҳозир бо мақсади ришмонӣ ҳам ба назди шумо меоянд?
– Ҳозир асосан барои тарошидани ришу мӯйлаб ва ё мӯйи сар меоянд. Ҳоло одамон бештар баъди ба нафақа баромадан риш мемонанд. Аз рӯйи таҳлилҳои худам гӯям, ришмондагон аз ҳад каманд.

– Ҷавононе, ки риш мемонанд, онҳо чӣ?
– Онҳо барои зебу зинати худ риш мемонанд.
– Баъзеҳо мегӯянд, ки ба ришу мӯйлаб қайчӣ задан мумкин нест?
– Ин хел одамонро ман надидаам.
– Хайр, мӯйлабу ришдороне, ки ба назди шумо меоянд, чанд фоизро ташкил мекунанд.
– Мӯйлабдорҳо байни ҷавонон нест гӯем ҳам, мешавад. Дар байни миёнсолон тахминан 1 фоизро ташкил мекунад. Ҷавононе, ки барои зебу зинат риш мондаанд, мумкин 10 фоиз бошанд.
– Вақти хизматрасонии шумо чӣ хел? Яъне, ман пурсиданиам, ки барои тарошидану ба тартиб овардани ришу мӯйлаб чӣ қадар вақт сарф мешавад?
– Ҳа, барои онҳо вақт зиёдтар сарф мешавад. 15–20 дақиқа. Мабодо одамҳои нозуктабъ бошанд, то ним соат хизмат мерасонем. Барои хушрӯ ва табъи дилашон шудан ҳаракат мекунем.
– Чӣ хел риш мондан дар байни мардум маъмул аст?
– Риши миёна. На дароз ва на кӯтоҳ.
Барои халқи мо мӯйлаб ва ё риш мондан як ҷузъи анъанаи миллӣ ва суннат аст. Бинобар ҳамин, оиди ин масъала фикру мулоҳизаҳои сокини маҳаллаи Наврӯзи ноҳияи Самарқанд, набераи Расулшоир, мулло Мавлонқул Ҳоҷиқурбон ӯғлиро пурсон шудем. Ӯ чунин гуфт:
– Бо дасти рост таом хӯрдан, пеш аз ҳар кор бисмиллоҳу раҳмону раҳим гуфтан, риш мондан аз суннатҳои мубораки Пайғамбарамон Муҳаммад алайҳиссалом таборак ва таоло мебошад. Намоз гузоштан ҳам ҳамчунин. Ба ҳамаи онҳое, ки суннатҳои Пайғамбарамонро ба ҷо меоранд, савобҳои калон ваъда карда шудааст. Ба монанди ҳамин, бо салла намоз хондан мисли ришмонӣ суннати Пайғамбарамон аст. Боз гуфтаанд, ки ҳар касе, ки бо салла намоз хонад, савоби он 27 маротиба зиёд мешавад. Дар ин хусус дар ҳадисҳо, нақли ровиён гуфта шудаанд.
Баъде ки одам риш монд, бояд ҳурмати онро ба ҷо орад, корҳои ношаръӣ накунад, арақ нанӯшад, ки ба ҷойи савоб, албатта гуноҳ мешавад. Баъде, ки риш гузошт, одам бояд ҷавобгарии онро ҳам ҳис кунад, аз рафтан ба роҳҳои бад, корҳои фаҳш худро нигоҳ дорад.
Ба даври ҳозира мос карда гап занем, бачаҳои ҷавон, ҳанӯз, ки ба онҳо намоз фарз нест, ё фарз шуда бошад, аз аҳкомҳои шариат бехабар бошанду риш монда, ҳурмати онро ба ҷо оварда натавонанд, нағз не. Саҳл калонтар шуда монанд, зарар надорад. Ҳозир ҷавонон киноҳои туркиро дида, ба таври худ ба онҳо ё «ҷӯраҳоям риш монданд, ман ҳам монам» гуфта пайравӣ мекунанд. Барои ҳамин, ҳозир ҷавонҳои ришмонда хеле бисёр шудаанд. Лекин агар калимаи шаҳодатро пурсед, намедонанд. Борҳо худи ман шоҳиди чунин ҳодисаҳо ҳам шудаам. Ҳатто худи шумо калимаро гӯед, ки онҳо такрор карда наметавонанду вале риш мондаанд. Як кас ба ман чунин нақл кард: «Рӯзе аз кӯча мегузаштам. Бинам, ки дар болои як кат чор нафар ҷавон бо ришҳои зебо нишастаанд. Ба ришҳояшон ҳавасам омада, ба пешашон рафта, ба онҳо «э саломат бошед, тасанно!» гуфтанӣ шудам. Ба пешашон равам, дар байн шишаи арақу нӯшида нишастаанд. Ин кору рафтори онҳо, албатта беҳурматӣ ба суннатҳои Пайғамбарамон аст».
Баъзеҳо мегӯянд, ки ба риш қайчӣ задан мумкин нест. Ин гап нодуруст аст. Баъде, ки одам риш монд, ба он эътибор диҳад, шуста, шона занад ва ришаш зебо бошад. Вақти дасту рӯй шустан ва ё таҳорат гирифтан хилол кунад, ба таги риш об расад, дар акси ҳол таҳорати ӯ комил намешавад. Баъди ришмонӣ муомила ҳам дигар – беҳ шавад.
Дар охир бояд гӯем, ки яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти форсу тоҷик Низомиддин Убайди Зоконӣ (1301–1371) оиди риш дар рисолаи «Таърифот», ки машҳур ба «Даҳ фасл» аст, чунин менигорад: «Ал-­риш – дастовези мутафаккирон». Инчунин ӯ «Ришнома» ном рисолае дорад. Вай дар ҳикояти дуввуми ин рисолааш мегӯяд: «Одам то дар биҳишт буд, риш надошт. Малоика ӯро саҷда карданд. Чун риш баровард, малоика ҳаргиз риш надида буданд, оғози ришханд карданд. Мискин аз инфиол (шарманда шудан) аз биҳишт берун ҷаст ва ба саҳрои дунё гурехт ва ба заҳмат гирифтор шуд».
Риш мондан ё намондан ихтиёри ҳар кас аст. Муҳимаш, одам хусусиятҳои инсонгарии худро гум накунад.

Бахтиёри ҶУМЪА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ