Филиали Донишгоҳи аграрӣ дар Самарқанд

Дар Хонаи матбуоти вилоят бахшида ба таъсиси филиали Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд дар Самарқанд анҷумани матбуотӣ баргузор гардид. Дар он директори филиал Шавкат Ҳасанов, ҷонишини директори филиали донишгоҳ оид ба корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ Хусниддин Хонкулов ва дигар кормандони донишгоҳ иштирок карданд.

  • Ҳадафи мо ба куллӣ беҳтар кардани сифати тайёр кардани кадрҳо барои соҳаи кишоварзӣ, таъмини ҳамгироии самарабахши илм, маориф ва истеҳсолот, қонеъ кардани талабот ба кадрҳои баландихтисос мебошад. – гуфт Ш. Ҳасанов. – Дар соли ҷорӣ бар донишгоҳи мо ба бахшҳои иқтисодиёт (дар соҳаи кишоварзӣ), ҳисоби бухгалтерия ва аудит (дар соҳаи кишоварзӣ), логистика (агрология), туризм (агротуризм), фаъолиятҳои агробизнес ва сармоягузорӣ, автоматикунонӣ ва идоракунии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот (дар соҳаи кишоварзӣ), технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди аввалини маҳсулоти кишоварзӣ (аз рӯи намуди маҳсулот) зиёда аз 500 хонанда қабул карда шуд. Ба онҳо 51 нафар профессор омӯзгорон таълим медиҳанд.
    Инчунин, таъкид гардид, ки тайёр кардани кадрҳои дорои дониш ва малакаи баланд дар соҳаи истифодаи технологияҳои пешқадами сарфакунандаи захираҳо дар соҳаи кишоварзӣ, ҷорӣ намудани «Кишоварзии оқилона» (Smart agriculture) ва агротехнологияҳои рақамӣ, таъсиси мактабҳо ва маҳфилҳои илмӣ, инчунин «Клуби олимони ҷавон» (Young Scholars Club) бо мақсади ҷалби донишҷӯён ва олимони ҷавони соҳа, омӯзиш ва таҷрибаомӯзии минбаъдаи олимони ҷавони боистеъдод дар кишварҳои хориҷӣ дар филиали Донишгоҳ пешбинӣ карда мешавад.
    Бояд қайд намуд, ки филиали Донишгоҳ дар ноҳияи Оқдарёи вилояти Самарқанд ҷойгир буда, мувофиқи қарори Девони Вазирон аз 16-уми сентябри соли 2020 фаъолияти худро шурӯъ кардааст.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ