Низоми нави табобати беморон дар асоси имтиёз фароҳам оварда мешавад

Ҳоли ҳозир дар муассисаҳои тибби таъҷилӣ, кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ, поликлиникаҳои оилавӣ ва бисёрсоҳа, амбулаторияҳо, диспансерҳо ба аҳолии пойтахт хидматҳои тиббӣ расонида мешаванд, ки аз ҳисоби маблағҳои кафолатноки буҷавӣ сарпур мегарданд.
То ҳол хидматҳои ройгони тиббӣ барои беморони статсионарӣ, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад, дар самтҳои иҷтимоӣ, бемориҳои сирояткунанда, модару кӯдак ва дар тамоми мавридҳое, ки кӯмаки таъҷилии тиббӣ тақозо мегардид, расонида мешуд.
Баробари ин ба муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ ва беморхонаҳои клиникии шаҳр танҳо ба табақаҳои аҳолие, ки имтиёз доштанд, хидматҳои ройгони тиббӣ пешниҳод мегардид.
Барои хидматрасонии нақшавии тиббии соҳавӣ дар шароити статсионарӣ ба табақаҳои аҳолие, ки имтиёз надоштанд, шароит мавҷуд набуд. Ҳоло ба ин хотима гузошта шуд. Мувофиқи Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳои ҷорӣ намудани механизмҳои куллан нав дар фаъолияти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ ва беш аз пеш баланд бардоштани ислоҳоте, ки дар низоми нигаҳдории тандурустӣ амалӣ мешаванд» аз 12 ноябри соли 2020 минбаъд баробари 11 поликлиникаҳои серсоҳаи марказии шаҳр ҳуқуқи роҳхат додан барои табобатро аз ҳисоби буҷаи давлатӣ духтурони оилавии 64 поликлиникаи оилавии пойтахт ба даст оварданд. Қарори мазкур мувофиқи амри Сарраёсати нигаҳдории тандурустии шаҳри Тошканд собит карда шуд.
Тамоми муассисаҳои тиббии Сарраёсати нигаҳдории тандурустии Тошканд ба низоми ордерӣ гузаронида шуданд.
– Дар ҳар кадом ордер хароҷот ба ҳисоби миёна ба миқдори 2,5-3 миллион сӯм муайян карда шудааст. Мо зиёда аз 5 ҳазор чунин ордерҳоро барои ҳар як моҳ ба муассисаҳои статсионарии шаҳр тақсим кардем, – мегӯяд муовини вазири нигаҳдории тандурустӣ – сарвари Сарраёсати нигаҳдории тандурустии шаҳри Тошканд Анвар Алимов. – Ҳамин тариқ ҳар сол 60 ҳазор миҷозон метавонанд аз ҳисоби буҷаи кафолатноки давлат табобати статсионарӣ бигиранд. Миқдори ҷойҳоро метавон дар пояи тағйироти сохторӣ бо назардошти талаботи онҳо ва вусъат додани шуъбаҳои зарурӣ зиёд кард. Дар натиҷаи корҳои амалишуда миқдори муроҷиатҳо ба муассисаҳоли тиббии ҷумҳуриявӣ коҳиш ёфт.

ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ