15 нафар дар рӯзи таваллуди гурба гирифтори коронавирус шуданд

Ҷаҳон

Дар Чили, пас аз ҷашнгирии мавлуди гурбае, ки соҳиби он ташкил карда буд, 15 нафар ба короавирус гирифтор шуданд. Ба гуфтаи табибон, худи соҳиби гурба паҳнкунандаи он мебошад. Тибқи гузоришҳои ВАО, вазъи баъзе меҳмонон вазнин арзёбӣ мешавад. Худи гурба коронавирус нашудааст. Нозири минтақавии Вазорати тандурустӣ Франсиско Алварес ин ҳодисаро тасдиқ кард ва амалҳои ҳамватанонашро «намунаи тасаввурнашавандаи рафтори бемасъулиятона» дар вақти пандемия номид. Пештар дар Белгия 18 нафар пас аз ташрифи Санта Клаус ба хонаи пиронсолон аз коронавирус ҷон дода буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ