Футболбозони Ӯзбекистон бо чемпионҳои ҷаҳон бозӣ мекунанд

Тими миллии футзали Ӯзбекистон бо чемпиони ҷаҳон — тими Аргентина ду бозии дӯстона анҷом медиҳад, гуфт Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон.

Дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ аз 28-уми январ то 4-уми феврал ҷамъомади таълимиву тамринӣ баргузор мекунад. Вохӯриҳо бо футболбозони Аргентина рӯзҳои 2 ва 3-юми феврал баргузор мешаванд. 18 узви тими миллии Аргентина рӯзи 30-юми январ ба Тошканд меоянд.

Қаблан Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон ба Конфедератсияи футболи Осиё дар бораи баргузор кардани чемпионати Осиё байни дастаҳои занона ва ҷавонони то 23-сола дар соли 2022 дархост фиристода буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ