Ширкати ҳавопаймоии Эрон – “Zagros Airlines” мехоҳад ба Самарқанд ва Бухоро хатти парвозҳоро барқарор кунад


Ҷасурбек Чориев, муовини вазири ҳамлу нақли Ӯзбекистон ва Муртазо Шайхҳасанӣ, раиси намояндагии ширкати “Zagros Airlines” дар Ӯзбекистон имрӯз дар Тошканд мулоқот карданд. Дар мулоқот масъалаи барқарории хатти парвозҳо дар миёни ду кишвар баррасӣ шуд.
Бино ба хабари Кун.уз ба нақл аз маркази матбуотии вазорати ҳамлу нақл, Муртазо Шайхҳасанӣ дар мавриди оғози парвозҳои ҳавопаймоҳои “Zagros Airlines” ба шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро пешниҳод кардааст.
Ҳамчунин, дар мулоқот рушди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ