Дар Қорасув масҷиди нав месозанд


Дар маҳаллаи нави Қорасуви шаҳри Самарқанд масҷиди нав қад хоҳад афрохт. Дар ин бора маркази матбуотии шӯъбаи вилоятии Идораи мусулмонони Ӯзбекистон хабар дод.
Муфтӣ Усмонхон Алимов, раиси Идораи мусулмонон дар чорчӯби ташрифи худ дар Самарқанд бо лоиҳаи ин масҷид ошно шуд.
Дар Қорасув беш аз 80 бинои баландошён қад афрохтааст ва табиӣ, ки сокинон ба масҷид низ эҳтиёҷ доранд.
Усмонхон Алимов дастур дод, ки масҷид бар асоси стандартҳои имрӯз сохта шавад ва анъанаҳои меъмории миллии моро низ дар худ инъикос мунъакис кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ