Ҳабиб ғолиби рақобати Макгрегор ва Пореро тахмин кард


Рӯзи 24 январ дар Абу Дабӣ мусобиқаи навбатии UFC 257 баргузор мешавад. Рақобати Конор Макгрегор ва Дастин Поре бешубҳа воқеаи асосии мусобиқа хоҳад буд.
Ҳабиб Нурмагомедов, қаҳрамони феълии UFC дар вазни сабук дар бораи ин рақобат назари худро изҳор кард.
Ӯ гуфт, “Ба назари ман, Конор дар оғоз фаъолтар мешавад. Вале, Дастин дар раунди савум, ё чорум ӯро мағлуб мекунад”.
Ҳабиб чанде пеш нахоста буд барои тамошо ба ин мусобиқа равад.
Ёдовар мешавем, ӯ соли ҷорӣ дар мулоқот бо Дана Уайт, раиси UFC гуфта буд, ки танҳо бо шарте ба октагон бармегардад. Шарти Ҳабиб ин аст, ки рақобати Конор ва Поре бояд барои бозгашт ба ӯ ангеза диҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ