Шифохонаи табиат


Шивит – давои дарди шикам
Шивит – растании яксолаи ба хунукӣ тобовар буда, намӣ ва рӯшноиро талаб мекунад. 500 сол пеш дар хатти мисрӣ дар бораи шивит ёддоштҳо мавҷуданд. Юнониҳои қадим аз шивит ва тухми он доруҳо тайёр карда, барои хӯрок истифода мебурданд.
Дар таркиби шивит равғани эфир, селлюлоза, флавоноидҳо, равған, шакар, каротин ва моддаҳои азот мавҷуданд. Шивит бӯйи тез дорад. Он ба таом маза ва ороиш дода, иштиҳоро мекушояд.
Шивити хушкро бо дигар гиёҳҳо омехта карда, зиравориҳо месозанд, аз тухмиҳо барои хушбӯй кардани чой ва сирко истифода мебаранд.
Ин кабудӣ хусусиятҳои сафровӣ ва пешобронӣ дорад ва бо илтиҳоби масона ва бемориҳои гурда самаранок мубориза мебарад. Он дар муддати кӯтоҳ бедорхобӣ ва дарди сарро бартараф мекунад. Дамламаи шивит хусусияти васеъ кардани рагҳо ва паст кардани фишори хунро дорад.
Дар тибби қадими занон ба дарди шиками фарзандон тухми шивит медоданд. Зеро, тухми шивит барои тоза кардани рӯда аз гиҷҷаҳо самара медиҳад. Барои ин шивити хушккардаро майда карда, як қошиқ дар дили наҳор истеъмол мекунанд.
Намаки магний ва моддаи оҳан барои мустаҳкам кардани ҷараёни хун ёрӣ медиҳад.
Шивит инчунин дар бемориҳои системаи нафаскашӣ, дар ҳолатҳои фишори баланди хун, коҳиши биниш ҳамчун омили шифобахш истифода бурда мешавад.
Дамламаи тухми шивитро дар табобати халқӣ барои кушодани иштиҳо, ҳозима, беҳтар кардани хоб ва табобати бемориҳои илтиҳобии гурда истифода мебаранд.
Инчунин, онро дар таъмири захмҳои сатҳӣ ва табобати аллергия истифода мебаранд.
Тарҷима ва таҳияи Л.РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ