Ҳамсари Алексей Навалнийро низ боздошт карданд


Кормандони пулиси Маскав Юлия Навалная – ҳамсари Алексей Навалнийро боздошт карданд. Дар ин бора РБК хабар дод.
Юлия Навалная низ дар намоишҳои тарафдорони шавҳараш иштирок мекард. Ӯ баъди боздошт шуданаш акси худро дар Инстаграм гузошт.
Ӯ зери аксаш навишт, “Барои сифати паст бибахшед. Даруни мошини пулис торик аст”.
Ёдовар мешавем, имрӯз, 23 январ дар шаҳрҳои Русия тарафдорони Алексей Навалний, ки баъди бозгашт ба Маскав боздошт шуд, намоишҳо барпо кардаанд.
Бино ба хабари расонаҳои хабарӣ, дар Маскав беш аз 50 нафар эътирозгарро боздошт карданд. Дар Шарқи Дур ва Сибир беш аз 200 нафар боздошт шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ