Мусобиқаи навбатии UFC бо натиҷаҳои мунтазиру ғайримунтазир ба поён расид


Субҳи имрӯз дар Абу Дабӣ мусобиқаи UFC 257 баргузор шуд. Дар ин мусобиқа рақобатҳои ҷаззоб баргузор шуд. Ҳаводорон рақобати Маҳмуд Муродов-Эндрю Санчес ва Конор Макгрегор-Дастин Пореро хеле мунтазир буданд.
Ҳамватани мо Муродов дар рақобат ба Эндрю Санчес имконе нагузошт ва дар раунди савум ӯро дучори нокаут кард. Ин савумин ғалабаи Муродов аст.
Рақобати Конор Макгрегор ва Дастин Поре бо натиҷаи ғайримунтазир поён ёфт. Дастин Поре дар раунди дувум Макгрегорро нокаут кард.
Ёдовар мешавем, ин ду нафар соли 2014 низ рӯбарӯ шуда буданд. Макгрегор дар он рақобат Пореро шикаст дода буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ