Дар яке аз боғчаҳои вилояти Тошканд қариб 1 миллиард сӯм тороҷ гардидааст

Дар Ташкилоти таълими томактаби (ТТТ)- и рақами 16-и ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд қариб 1 миллиард сӯм тороҷ шудааст. Дар ин бора Хизмати ахбори Вазорати таълими Ҷумҳурияти Ӯзбекистон хабар додааст. Маълум мешавад, ки Хизмати аудити дохилӣ, молиявӣ ва ҳуқуқии вазорат, Департаменти мубориза бар зидди ҷинояти иқтисодии назди Сарпрокуратура дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи ТТТ -и ноҳияи Зангиота дар ТТТ-и давлатии рақами 16 аз рӯйи бомақсад корфармоии маблағҳои аз буҷа ҷудошуда санҷиш гузаронданд. Дар натиҷа, аз ҷониби боғча дар солҳои 2014-2020 бо ба лавозимҳои гуногун расмигардонии 37 нафар шахс 993, 5 миллион сӯм ҳаққи кор ғайриқонунӣ ҳисоб шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ