Дар Туркия ваксинаи “Спутник V” истеҳсол мешавад


Туркия ваксинаи зидди коронавируси “Спутник V”-ро истеҳсол мекунад. Ширкати дорусозии Туркия ва Бунёди сармоягузориҳои мустақими Русия (БСМР) дар ин бора тавофуқ карданд.
Бино ба хабари ТАСС, БСМР технологияҳои истеҳсоли ваксинаи зидди коронавирусро ба Туркия тақдим мекунад.
Туркия ваксинаи “Спутник V”-ро барои бозори дохилӣ ва ҳам хориҷӣ истеҳсол хоҳад кард. Дар як сол дар Туркия тақрибан миллион доза ваксина истеҳсол хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, то ҳол кишварҳои Аргентина, Белорус, Венгрия, Боливия, Фаластин, Ҷазоир, Парагвай ва Туркманистон ваксинаи Русияро барои эмкунии умумӣ қабул кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ